Чадидхои асри XX1

Дар воќеъ, дањаи охири моњи август ва дањаи аввали моњи сенятбри имсол серњаводис омад. Шурўъ аз фирори 25 мањбус, хитоби раисљумњури Тољикистон ба падару модари тољик дар мавриди баргардондани фарзандон аз мактабњои диннии хориљ то ба таркиши шуъбаи Корњои дохилаи вилояти Суѓду дастгир кардани яке аз мањбусони фирорї ва «фароштурук» хондани раисљумњур хонумњои сатрпуши тољикро аз њодисоте буданд, ки яке дигареро таќвият медод ва њамин тавр яке дигареро камрангтар мекард. Њарчанд ин њодисот идома дораду дар ављи тањаввулот аст, аммо дар ин миён шояд ягона тањаввулот, ки пайвандие бо дигар рухдодњо дошт, даъвати раисљумњури Тољикистон барои баргардондани фарзандон аз мадрасањои диннии хориљ буд. Раисљумњур таќрибан њамин тавр гуфт: «Фарзандонатонро аз мадрасањои хориља баргардонед, ки омада њамаш экстримисту террорист мешаванд.» Ва њар нафаре, ки ба ин њарфњо бовар кард, њоло бар ин бовар њам расид, ки «25 нафар мањбуси фирорї таълимдидаи мадрасањои диннии хориља буданд; таълимдидањои мадрасањои диннии хориља бинои шўъбаи корњои дохилаи вилояти Суѓдро тарконданд (ногуфта намонад, то кунун расонањои расмї ба эњтимоли зиёд ин воќеаро кори дасти Њаракати Исломии Узбакистон, ки як њаракати тундгарои исломї аст, хонданд); занону духтарони тољикро (ки мисли «фароштурук» либос ба бар мекунанд), таълимдидањои мадрасањои диннии хориљ ба ин њол овардаанд…» Њанўз поёни боварњо нест, итминон њаст, ки аз ин ба баъд боварњои дигар сар мезанад, вале таърих ва андак тафаккур ба мо љабран ва ихтиёран боварњои дигарро бор мекунад.
Расо 100 сол муќаддам дар Бухоро созмоне бо унвони «Тарбияи атфол» ташкил шуд. Аъзои ин созмон аксаран тањсилдидањои хориљи Бухоро буданд. Онњое буданд, ки дар Туркиёву Урусия ва Тотористону Ќафќоз таълим гирифта буданд. Аъзои ин созмон нахуст мехостанд инќилоб кунанд, инќилоби фарњангї ва маънавї. Мехостанд низоми таълиму тарбияро таѓйир бидињанд. Чун дар ин роњ аз љониби њукумати Љаноби Олї, Амир Олимхон монеъа гузорї шуд, созмони «Тарбияи атфол» мойил шуданд то даст ба инќилоби сиёсї бизананд. Оќибат дар рафти лашкаркашии артиши сурх ба Бухоро миёнљигарї карданд ва дар барканории тахти Љаноби Олї, Амир Олимхон сањм гирифтанд. Баъд аз инќилоб намояндагони собиќи ин созмон, аз љумла Фитрат, даст ба коре заданд, ки нобудии халќи тољикро фароњам овард. Нобудии халќи Тољик ногузир буд, агар таълимдидањои мадрасањои диннии Бухорову хориљи Бухоро намебуданд.
Бино бар шањодати таърих, Фитрат дар хориљ таълими замонавї гирифта буд. Аммо балову хатареро, ки вай бар сари њукумати Љаноби Олї, Амир Олимхон ва халќи тољик овард, њеч кадом аз таълимдидањои мадрасањои диннї наоварданд ва баръакс онњо сипар шуданд.
Ин гузаштаро агар бо имрўз ќиёс кунем, шояд таълимдидањои мадрасањои диннии хориљ барои давлати Тољикон ва њукумати Љаноби Олї хатар дошта бошанд, аммо онњое ки дар хориља таълими низомї, иќтисодї … мегиранд магар барои давлати мо хатар надоранд? Кї кафолат медињад, ки онњо љосуси давлате ки дар он љо таълим гирифтаанд, намешаванд? Љосус дар умури низомиву иќтисодї хатари сахттар ва сангинтар аз њар хатари дигарро дорад. Зеро агар хатари «экстримистњову терористњо» тадриљї бошад, хатари «љосусњои иќтисодиву низомї» муфољо аст. Ба якборагї давлатро аз байн мебардорад.
Њоло эњтимолан, шояд, дарвозабонњои СИЗО, ки фирори мањбусонро фароњам оварданд низомиёне буданд, ки дар хориља тањсил кардаанд… Шумо чи мегуед?

«Солженитсин»-и мо омад, кучост «Путин»?

Омадан

Ў меояд. Ана бубин, аз пушти шишаи толори махсуси пешвози мусофирон, дастафшони мекунад. Симояш хамонгуна, ки дар аксу наворхост хамонгуна аст, тагйир нахурдааст. Танхо кулох изофа шудааст, чизе ки на дар хамаи аксу наворхояш дида мешавад. Мўйлаб дорад, дуруст мисли аксу наворхои пешинаш. Ришашро покиза гирифтааст. Ба бар куртаи оддии пахтагин ва шими чинси кадимтарин мудро дорад. Дар по пойпўши тобистонаро бидуни чуроб пўшидааст. Дар чайби пушти чинсаш чанд пора вараки сафед аст. Дар чайби пеши бараш калам аст. Пирона кадам мезанад. Чанд кадам ба пеш мегузорад, вале мадораш тамом мешавад. Рўйи курси мешинад, бе шубха бар ў пири асар кардааст. Чукур-чукур нафас мегирад. Нафасгириаш аз пасту баландшавии калбаш дида мешавад. Ў холо аз пушти шиша нагузаштааст…
Офтоб дар сахни фурудгохи Душанбе ба гуруб моил аст. Равшани ва гармиашро аз мо дарег медорад. Чанд лахза баъдтар ба манзилгахи худ меравад, гуи офтоб набуд. Ситорагон хануз нопадиданд. Аммо офтоби мо хаминак тулўъ мекунад. Нурхояш намоён аст. Гармияшро кайхо эхсос кардаем, эхсоси абади. Инбор танхо нури комилашро мехохем бо чашми сар бубинем. Ў омад. Аз пушти шишахо мегузарад. Дар чашмхо ашки шоди, дар лабхо табассуми самимона, карсзании бардавом, такдими гулхо, огушхои кушодаи пурмехр… Ин хама бидуни омодагии кабли сурат мегирад. Бархехо омадани ўро хамаги як соат кабл аз фурудоии хавопаймо шунидаанд, бо вучуди ин ба пешвозаш шитофтаанд. На чомахои фохира ба бар карда ва на муйи сар шонаву атри хушбу пошида. Танхо мехру садокадро бо худ овардаанд.
Бозор Собир аст, ки омад. Шоири тавонои Точик. Барои ў на шеър хонданд, на мадхия суруданд ва на раксиданд, танхо дастагул такдим карданд. Ў бо салобати шоирона ва пирона бо хар кадом пешвозгиранда огуш мекушояд. Нури чашмаш хам хира шудааст. Бархе аз хамнишинони собику шогирдонро мешиносад ва бархеи дигарро на. Онхоеро ки мешиносад як бор ба огуш мегирад ва онхоеро, ки бо тавзех ба ёд меорад, ду бор.
- Ки хасти?
-Зулфия (Атои) хастам.
- Э чони ман, чи хол дори, хуб хасти?
- Исто, исто…
- Ибодулло (-и Машраб) хастам.
- Ох, ох… исто камтар ба огуш гирамта…
Пайи хам бо Саидкул Билолов, Ортики Кодир ва Сайёд Гаффор огуш мегирад… Аз бузургони фарханги танхо хаминхо ба пешвози Бозор Собир омаданд. Хамчунин муште аз пайвандону наздиконаш низ омада буданд. Аммо аксарият хабарнигорони чавони расонахои мустакил (маъзарат, ки наметавонистам ин харфро нанависам), Бозор Собирро пешвоз гирифтанд. Онхое ки ўро то кунун надида буданд. Бисёрихо харчанд дар соати муайян шуда ба фурудгох хозир шуданд, аммо бовар надоштанд, ки ў меяод. (Чун каблан гуфта буд, ки тасмим надорад ба зодгохаш баргардад.) Вале ў гайри интизор омад.

Дар толори махсуси пешвози мусофирон огушкушои дер давом мекунад. Аз ин масъули танзим ва назорати толор нигарон мешавад. Ва бархурди тунд бо пешвозгирандагону Шоири бузурги Точик мекунад. Ба шоир хитоб мекунад:
- Ака, илтимос, бравен да берун салому алек кнен. Ичада да ма гап мешава.
Ў намеранчад ва бо охистагиву фурутани хамагонро ба берун даъват мекунад. Ба гумони голиб, Бозор Собир аз кабл бархурди зимомдорони вакт аз фаррошу дарбон то садрнишинро бо худаш медонад. Ўро аз толори махсус барои гирифтани богоч ба толори умуми мебаранд. Шахсият кучо, хатто пирияшро нодида меангоранд, ки барои гирифтани богоч хатман худаш равад мегўянд. Дуввумин бархурди сард бо ў.
Аз Телевизионхои давлати хатто як сари сўзан ўро лоик надиданд, ки ба сар то сари кишвар аз омадани ў хабар диҳанд. Бо ин хама бе иззати нисбат ба ў, шабу рўз чор мезананд: «Аз хуни Сиёвушем, хамхуни Сиёвушем… Аз чомасафедонем…», «Сурухии руятро бидех, зардии руямро бигир…», «Олучаи латтадор…». Саввумин бархурди сард. Танхо дар сахни фурўдгох.

Рафтан

Ў меравад. Хамоно аз пушти шишаи худрави кирокаш, даст меафшонад. Кадрдонхояшро ба манзилаш даъват мекунад. Осуда бошед! Ў холо хамин чост, то ду моҳи дигар. Ваъда кардааст, ки чанд вохури ва як шаби эчоди барпо хохад кард. Хам як китоби тозаэчодашро нашр кардааст, ки дастраси хамагон мекунад. Баъди ин ҳама, ҳатман меравад, мегуяд. Вале рафтан ва нарафтани ў аз мо хеле вобаста аст.
Сарнавишти шоири точик, Бозор Собир ба сарнавишти нависандаи рус Солженитсин хеле шабеҳ аст. Ҳар ду ҳам таҳти фишор тарки ватан кардаанд. Ҳар ду ҳам дар дидаву дили мардум чо гирифтаанд, ҳарчанд зимомдорон бархурди хушоянде бо эшон надоштанду надоранд. Аммо наҳваи бархурди ахири зимомдорони вақти Русия бо нависанда метавонад намуна барои бархурди зимомдорони точик бо Бозор Собир гардад. Салжинитсин ки дар ду соли қабл сарнавишташ хатм шуд, борҳо барои дигарандешиаш таҳти фишор хоки кишварашро тарк кард, даъват шуд, боз ронда шуд. Билохира, сарфи назар аз андешаҳои сиёси ва ичтимоияш бо даъвати президенти вақти Русия Владимир Путин ба Маскав омад, ва баъди чанде вафот кард ва дар хоки кишвараш дафн шуд. Барои зимомдорони вақти Русия ҳамин кофист, ки ангушти ишораи «зиндахору» «мурдапарвар» ба суяшон рост нашуд. Шояд ин навъи беҳтари муносибат бо бузургони миллатҳо набошад, вале намунаи беҳтар аз инро дар ҳоли ҳозир, муносиби ҳоли Бозор Собир намешавад пайдо кард.
Кунун «Солженитсин»-и мо бо хоҳиши худ омадааст, кучост «Путин», ки ҳадди ақал аз ў хохиши монданро кунад?

Озодии матбуот

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/03/100310_ea_ss_press_freedom.shtml

http://www.bbc.co.uk/persian/world/2010/02/100226_l13_tajik_youth_elec_vid.shtml

Шабпара гар васли офтоб нахохад…


Вичдон хам чизи хубе набуда. Хоса ба хангоме, ки бевичдониро мебини, вичдонат он чунон ба ранчу дард меояд, ки сад бор безортар аз доштанаш мешави. Маъзур аз ин фузули. Дарди вичдон нагузошт, ки бе тараф бошам. Имруз дар сомонаи интернетии Очонсии иттилоотии Ховар «Хама доди ватанхохи зананд, аммо намедонам»-ро (http://www.khovar.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14423&Itemid=13) хондам. Муаллифи номгум он чунон музахрафот бофтааст, ки дуд аз димоги сохибвичдон бурун меояд. Ангор муаллифи номгум вичдон надошта. Дар маколаи мазкур яке аз шахсиятхои азизу эътирофшудаи ТОЧИК мавриди тахкир ва хакорат карор гирифтааст. Ба пиндори ман ин шахсияти маъруфи давру замони Точик гуиё падари муаллифро кушта ва бо хонаводаи вай кинаи дерина дорад.

Хуласи калом, агар ба ин навишта чашм бидавонем (ки мутмаинам гайр аз итлофи вакт чизе дигаре ба даст нахохем овард) Мухиддин Кабири, ки дар гами миллати рахгумкардаву рахбаргумкарда, дерест сухтаву кабоб, ба бадхохи миллат табдил дода шуда. Муаллиф, Рухуллохи Абдулло (аблахист бовар кунем ба мавчудияти чунин фарде) ба навиштааш, пушаймони зор аст, аз он ки ба чонибдории Хизби Нахзати Исломи дар интихоботи ахир, райъ додааст. Зеро ба навиштааш, бо райъи вай ва пайвандону дустонаш Кабири бо муовинаш сохиби «корти сурхи депутати» шудаанду кунун дар сайёхати чахонанд. Бар ивази он ки сари курси бошанд ва дар кабули конунхо бахс кунанд. Дар мачмуъ хамин аст «дурдонахои носуфтаи муаллиф», ки хостааст руи сахфаи интернети суфта кунад. Саропо гараз, саропо тавхину тухмат; аз нотавонбини аз душмани, аз кину адоват… Мегуянд вакте инсон ноумед шуд забонаш дароз мегардад. (Изо яъису ал маръу тола лисонаху). Рухуллохи Абдулло (зери ин ном хар нафару гурухе, ки хаст) ахиран корношоямии худро эхсос кардааст. Эхсос кардааст, ки худашро ба конфронсхои сатхи чахони даъват намекунанд аз бас лаёкат надорад, аз бас забон намедонад, аз бас хунар надорад.

Боз хам бовар дорам 100 дар сади вакилони парлумон бо як ним ишораи созмонхои хоричи ба хар вайронасарову ободсарову ким-кучои дигар сафар мекунанд. Муаллиф бояд мутаассиф мебуд, ки вакилони дигарро даъват накардаанд, вагарна… У мазмунан навиштааст, ки Кабири як руз дар Маскав рузи дигар Лондон пасфардо дар Эрон аст. Чаро? Барои чи? Бирав ин суоли аблахонаатро як бор аз Президент бипурс, ки чаро хар бор аз 350 то 500 хазор доллари бучаи кишварро сарфи сафархои хоричиаш мекунад. Аз ин сафархо чи фоидае ба халк меорад?
Таъназанон менависад, ки чаро Кабири дар рузи Вахдати милли ширкат надошт. Охир мукаррар аблахист, ки сабаби инро хам надони…
Шабпара гар васли офтоб нахохад,
Равнаки бозори офтоб накохад.

Аммо афсусу надомат аз ёр аст на аз агёре ки ин хама музахрафотро навиштааст. «Ховар» ба манзалаи ёр хеч намеандешад, ки бознашри чунин матолибе зарба бар пайкори миллат мерасонад.

Эътирози чавонони точик дар назди сафорати Узбекистон дар Душанбе. 09 июни 2010. Эътироз ба хотири манъи бардавоми каторахои Точикистон дар каламрави Узбекистон. Бо шиорхо “Ба блакадаи иктиосдии Точикистон хотима дода шавад!” “Бадхохи касон ба максад намерасад”, “Каторахои Точикистонро рахо кунед!”.